Суханронӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ

 

 

 

Суханронӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ
.2023 , шаҳри Хуҷанд

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори яке аз ҷашнҳои муқаддасу мубораки миллиамон – Наврӯз, ки таҷлили он чанд рӯз инҷониб дар кишвари биҳиштосои мо идома дорад, бори дигар табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо саломативу хушбахтӣ, иқболи баланд ва файзу баракати наврӯзӣ орзу менамоям.

Фаро расидани Наврӯз паёме аз баробар гардидани шабу рӯз, зинда шудани табиат, оғози соли нав ва мавсими киштукор мебошад.

Мехоҳам бо ифтихор иброз намоям, ки Наврӯз барои мо баробар бо Рӯзи истиқлоли давлатӣ бисёр азизу гиромӣ мебошад, зеро маҳз ба шарофати истиқлолу озодӣ мо ойину суннатҳои деринаи миллии худ, аз ҷумла Наврӯзро эҳё намудем.

 

 

 

 

Дигар ин, ки истиқлол ҳамчун ҳадяи сарнавишти миллат ва Наврӯз чун шоҳсутуни таърихи пурифтихори тоҷикон дар якҷоягӣ пайвандгари наслҳои имрӯзу оянда бо расму ойин ва суннату анъанаҳои гузаштагони некноми мо мебошанд.

Қобили зикр аст, ки бо дарназардошти моҳият ва табиати башардӯстонаву инсонгароёнаи Наврӯз аз соли 2010 сар карда, ин ойини бостонӣ ҳамчун ҷашни байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад.

Яъне бо ҷаҳонӣ шудани ҷашни Наврӯз рисолат ва нақши он дар самти густариши ҳамкориву табодули фарҳангҳо, ҳусни тафоҳуми байни миллатҳо ва таҳкими сулҳу субот дар миёни халқҳои олам боз ҳам тақвият пайдо намуд.

Аслан Наврӯз ва ҳикмату фалсафаи он бар пояи бузургдошт ва ситоиши инсон, сарфи назар аз мансубияти диниву мазҳабӣ ва мақоми иҷтимоӣ, баробарӣ, таҳаммулгароӣ, авфу бахшиш, оғози саҳифаи нав дар зиндагӣ ва дар маҷмӯъ, сулҳу субот бунёд гардидааст.

Ин ҳама арзишҳои ҷовидонӣ ва аҳаммияти умумибашарии Наврӯз барои мо – тоҷикон дар баробари забони ширину шевои тоҷикӣ, таърих, илм ва адабиёту фарҳанги пурғановати бо ин забон таълифшуда мояи ифтихору сарфарозӣ ва беҳтарин василаи худшиносиву худогоҳӣ мебошад.

Мо ҳамчунин, ифтихор дорем, ки дар асри бисту якум, яъне дар замони рушди босуръати илму техника ва технологияҳо Наврӯз бо таърихи шашҳазорсолаи худ ҳанӯз зинда аст, дар қалби ҳар яки мо ҳамчун ҷузъи ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии наслҳо решаҳои амиқ дорад ва ниёзҳои маънавию иҷтимоии мардуми моро қонеъ мегардонад.

Зимнан, хотиррасон менамоям, ки яке аз омилҳои муассиру тавонои пояндагии миллати мо мавҷудияти силсилаҷашнҳои аҷдодӣ, аз қабили Сада, Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон мебошанд.

Бовар дорам, ки халқи куҳанбунёду сарбаланди мо бо ин ҷашни хуршедии худ боз ҳазорсолаҳои дигар миёни мардуми олам шуҳратёр хоҳад буд.

Ҳамдиёрони азиз!

Баҳор фасли зебои сол ва ҳамзамон бо ин, мавсими киштукор ва пайкори созандагӣ мебошад.

Аз ин рӯ, мардуми мо ба истиқболи Наврӯз на танҳо дастархони наврӯзӣ меороянд, ба зиёрати якдигар мераванд ва чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ доир мекунанд, балки тозаву озода, ободу зебо ва кабудизоркунии хонаву кошона, маҳалли зисти худ, деҳоту шаҳракҳо ва киштукори баҳориро низ бо рӯҳияи баланду созанда вусъат мебахшанд.

Мо ҷашни Наврӯзи имсоларо дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ доир намуда истодаем.

Сокинони шаҳри бостонии Хуҷанд ва дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ то имрӯз дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба хотири таъмин намудани рушди устувори иқтисоди мамлакат ва пешрафту ободии кишвари азизамон содиқона заҳмат кашида истодаанд.

Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи онҳо изҳори сипос менамоям.

Дар баробари ин, вазъи буҳронии ҷаҳони имрӯза ва дигар мушкилоте, ки ҳоло инсоният бо онҳо рӯ ба рӯ омадааст, моро водор месозанд, ки тамоми захираву имкониятҳо ва тавону неруи худро ба хотири расидан ба ҳадафу нақшаҳои дар наздамон қарордошта – таъмини рушди минбаъдаи давлат, ободии Ватан ва мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии ҳар як оилаи мамлакат сафарбар созем.

Вилояти Суғд, бо дарназардошти хусусиятҳои табиию ҷуғрофӣ, заминҳои ҳосилхез ва мардуми заҳматқаринаш, ҳамчунин, бо деҳқонони асили худ дар кишвар шуҳрати зиёд дошта, дар ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ва ғанӣ гардонидани бозори истеъмолии на танҳо Тоҷикистон, балки берун аз он бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ саҳми арзишманд дорад.

Саҳми сокинони вилояти Суғд дар самти расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла саноатикунонии босуръати мамлакат бисёр назаррас мебошад.

Боиси қаноатмандист, ки сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ корҳои зиёди ободониву созандагӣ, аз қабили бунёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ва иншооти иҷтимоиву хизматрасониро ба анҷом расонидаанд.

Мо дирӯзу имрӯз даҳҳо иншооти навро ифтитоҳ намудем ва тайи ду рӯзи оянда дар маросими ба истифода супоридани боз даҳҳо иншооти навбунёди дигар ширкат мекунем.

Бояд гуфт, ки дар натиҷаи заҳмати аҳлонаи мардум ҳоло симои шаҳру ноҳияҳои вилоят куллан дигаргун шудааст ва бамаротиб ободу зебо гардидааст.

Бовар дорам, ки сокинони шарафманди вилояти Суғд дар оянда низ барои пешрафту ободонии мамлакат саҳми арзандаи худро мегузоранд.

 

 

 

Дар робита ба суннатҳои неки наврӯзӣ мехоҳам таъкид намоям, ки онҳо бо ҳадафу ниятҳои созанда ва бунёдкоронаи мардуми шарифи Тоҷикистон, хусусан, дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллиамон – 35-солагии истиқлоли давлатӣ ҳамоҳангии комил доранд.

Аз ин лиҳоз, ба мардуми бонангу номуси кишвар, аз ҷумла сокинони заҳматдӯсти вилояти Суғд муроҷиат менамоям, ки бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷаҳони муосир тамоми саъю талоши худро барои боз ҳам неруманду пешрафта гардонидани давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, ободии Ватани аҷдодӣ ва зина ба зина беҳтар гардидани шароити зиндагии ҳар як хонадони кишвари маҳбубамон – Тоҷикистон равона намоянд.

Бори дигар хурду бузурги мардуми сарбаланди Тоҷикистони азиз, сокинони ватандӯсту заҳматкаши вилояти Суғд ва ҳамаи шумо – ҳозирини муҳтарамро ба ифтихори Соли нави аҷдодӣ – ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар як сокини кишвари маҳбубамон саломативу хушбахтӣ, барори кор ва ба Тоҷикистони биҳиштосоямон сулҳу оромии ҷовидонӣ ва пешравиҳои рӯзафзун орзу менамоям.

Ҳамеша сарбаланду фараҳманд ва чун баҳору Наврӯзи Ватани маҳбубамон сарсабзу шукуфон бошед!

Соли нави аҷдодӣ ва ҷашни байналмилалии Наврӯз муборак, ҳамватанони азиз!

kaynak:http://www.president.tj/node/30362?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter

 

 

Başa dön tuşu